Ссылки доступа

Кремл ба интихоботи президентии соли 2024 омода мешавад


Дар Кремл омодагӣ ба интихоботи президентии соли 2024 шуруъ шудааст. Як ҳамсуҳбати хабаргузории РБК иттилоъ додааст, ки баҳсу баррасиҳои ибтидоии ин мавзуъ аз тобистон оғоз шудааст.

Нуктаи асосии баҳси ин мавзуъ тарзи пешбарии номзадии Владимир Путин аст. "Гузинаҳои дигар дар ҳоли ҳозир нест", - гуфтааст яке аз ҳамсуҳбатони хабаргузорӣ. Ин ҳам дар ҳолест, ки Владимир Путин, президенти амалкунандаи Русия гуфт, ҳанӯз тасмими иштирок дар интихоботи ояндаро нагирифтааст.

Путин дар охири моҳи ноябр дар як ҷамъомад гуфта буд, ки ҳоло тасмими иштирок дар интихоботи соли 2024-ро надорад, аммо ҳуқуқи иштирок дар он "вазъи сиёсати дохилиро ба эътидол меорад". Вай дар гузашта гуфта буд, агар мансабдорон бидонанд, ки Путин дақиқан дар моҳи майи соли 2024 аз қудрат канор меравад, дар Русия талоши соҳиб шудан ба қудрат меафзояд ва ба рушди кишвар монеъ мешавад.

Моҳи ноябри соли ҷорӣ Палатаи намояндагони Конгресси ИМА тарҳи қатъномаеро ба баррасӣ гирифт, ки бар асосии он, "ҳамагуна талоши президенти Русия Владимир Путин баъди анҷоми охирин муҳлати президентиаш дар таърихи 7 майи соли 2024 номашруъ эътироф хоҳад шуд".

Бар асоси қонунгузории Русия, Путин ҳақ дорад, то соли 2036 сари қудрат монад. Вай аз соли 1999 зимоми қудратро дар Русия дар даст дорад.

XS
SM
MD
LG