Ссылки доступа

Тазоҳуроти рӯзноманигорони мустақил дар Қазоқистон (видео)


В Казахстане вышли на протесты журналистки частных СМИ: они считают, что им недоплатили пособия
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:40 0:00

Хабарнигорони расонаҳои мустақили Қазоқистон дар шаҳри Нурсултон, пойтахти он кишвар даст ба тазоҳурот заданд.

Ба гуфтаи рӯзноманигорон, мақомоти Қазоқистон онҳоро аз кумакпулӣ дар давраи ҳомиладорӣ маҳрум сохтаанд.

Ҳукумати Қазоқистон соли 2020 дар давраи пандемияи коронавирус бо қабули қароре расонаҳои хусусиро аз пардохтҳои ҳатмии иҷтимоӣ ва андоз барои кормандонашон озод карда буд.

"Тибқи ин қарор, моро аз андоз ва пардохти нафақавӣ озод карданд. Вале ҳангоми ҳисоби кумакпулӣ дар давраи ҳомиладорӣ чанд моҳ андоз напардохтани моро ба инобат гирифта, ҳаҷми кумакпулиро кам кардаанд. Кумакпулии баъзеҳоро то 700 ҳазор танга (беш аз $1600) кам кардаанд", - изҳор дошт хабарнигор Жадира Агайдар.

Рӯзноманигорони мустақили Қазоқистон гуфтанд, баъди он ки мақомот ваъдаи худро дубора иҷро накарданд, маҷбур шуданд, тазоҳурот кунанд.

XS
SM
MD
LG