Сиёсатмадори рус гуфт, агар президенти Русия мебуд, фармони бомборон кардани Украинаро бедудилагӣ содир мекард. "Ин корро бояд соати 4-и субҳ кард", - изҳор дошт вай.
Пештар раисҷумҳури Чеченистон Рамзан Қодиров низ гуфта буд, ки агар масъалаи "пайвастан"-и Украина ба Русия ё Чеченистонро бар зиммаи ӯ мегузоштанд, омода буд, онро "ҳал" кунад.
Ин изҳоротҳои тунди сиёсатмадорони Русия дар пасманзари ташаннуҷи вазъ дар марзи ин кишвар бо Украина садо медиҳанд. Хадамоти махсуси кишварҳои Ғарб аз омодашавии Москва барои ҳамлаи густарда ба Украина ҳушдор додаанд.