Ссылки доступа

Чин гуфт, роҳи мошинҳо аз Куриёи Ҷанубӣ ба Қирғизистонро боз мекунад


Чин тасмим гирифтааст, ба таври афзалиятнок ба интиқоли мошинҳое ба Қирғизистон иҷозат диҳад, ки дар бандарҳои он кишвар дармондаанд.

Дар ин бора 27 декабр дар мулоқоти вазири умури хориҷии Қирғизистон Руслан Қазоқбоев ва ҳайати ҳукумати Чин хабар дода шудааст.

Ба огаҳии вазорат, Қазоқбоев аз ҳайати чинӣ дархост кардааст, ки раванди додани иҷозат ба интиқоли контейнерҳои ҳомили мошинҳо аз Куриёи Ҷанубӣ ба Қирғизистон тезонида шавад.

Вале вазири умури хориҷии Қирғизистон нагуфтааст, ки ҳоло дар бандарҳои Чин чи қадар мошин дармондааст.

XS
SM
MD
LG