Ссылки доступа

Узбекистон хабари кумаки молӣ ба муҳоҷиронашро рад кард


Оҷонси муҳоҷирати хориҷии Узбекистон хабарҳо дар шабакаҳои иҷтимоиро, ки гӯиё ба муҳоҷирони кории ин кишвар дар Русия кумаки молии якдафъаина дода мешавад, рад кард.

Дар изҳороти оҷонс омадааст, хабари бо фармони президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба муҳоҷирони кории ин кишвар дар Русия додани кумакпулии якдафъаина дар ҳаҷми 9 539 рубли русӣ (132 доллари амрикоӣ) ҳақиқат надорад.

Манбаъ афзудааст, ки ин гуна хабарҳо гӯиё ба хотири "ба гумроҳӣ бурдани ҷомеа" паҳн карда мешаванд.

Бино ба иттилои оҷонс, муҳоҷирони кории Узбекистон, ки дар вазъияти душвор қарор мегиранд, барои дарёфти кумаки молӣ метавонанд тавассути сомонаи "birgamiz.com" муроҷиат кунанд ва барои дарёфти ин кумак ҳеч гуна пардохте ҳам пешбинӣ карда нашудааст.

XS
SM
MD
LG