Ссылки доступа

Барои муҳоҷирон ҳангоми вуруд ба Русия тартиби нав ҷорӣ шуд


Шуруъ аз 29 декабр мусофироне, ки бо ҳадафи бештар аз 30 рӯз мондан вориди Русия мешаванд, бояд аз ташхиси тиббӣ гузаранд ва изи ангушту супоранду акс гиранд.

Дар ташхиси тиббӣ истеъмол кардан ва ё накардани маводи мухаддир ё доруҳои мадҳушкунанд, ҳамчунин бемориҳои гузаранда муайян карда мешавад.

Дар сурати риоя накардани ин талабот, муҳлати будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия кам карда мешавад.

Ин тартибот пеш аз ҳама ба муҳоҷирони меҳнатӣ рабт дорад. Мақомоти Русия мегӯянд, дар он кишвар бештар аз 1 миллион муҳоҷири кории тоҷик ҳузур дорад.

XS
SM
MD
LG