Ссылки доступа

Ба мансабдорони қазоқ таксирониро иҷозат доданианд (видео)


В Казахстане чиновникам хотят разрешить подрабатывать в такси. Это законно?
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:03:05 0:00

Раиси Оҷонси умури хадамоти давлатии Қазоқистон Анар Жаилганова гуфт, рӯзҳои наздик ба мансабдорони ин кишвар машғул шудан ба як қатор касбҳо, аз ҷумла рондани таксӣ иҷозат дода мешавад.

Ба гуфтаи ӯ, бо ин кор мехоҳанд ба мансабдорон "имкони пур кардани буҷаи хонаводагиро фароҳам кунанд". Вале рӯйхати пурраи ин касбҳо то ҳол нашр карда нашудааст.

Корманди дастгоҳи давлатӣ дар Қазоқистон ба ҳисоби миёна ҳудуди 180 ҳазор танга (тақрибан $400) маош мегирад, ки барои зиндагӣ дар шаҳрҳои Нурсултон ва Алматои он кишвар намерасад.

Дар ҳоли ҳозир мансабдорони қазоқ ҳақ доранд, ки дар баробари кори асосии худ бо омӯзгорӣ, фаъолиятҳои илмӣ ва эҷодӣ машғул шаванд. Аммо қонун машғул шудани онҳо бо соҳибкориро манъ мекунад.

Ба гуфтаи Анар Жаилганова, рондани таксӣ соҳибкорӣ нест ва бинобар ин, ба хидматчиёни давлатии қазоқ иҷозат дода мешавад.

XS
SM
MD
LG