Ссылки доступа

Чин: моҳвораи SpaceX имкон дошт, бо истгоҳи кайҳонӣ бархурад


Чин гуфт, моҳвораҳои ширкати Илон Маск "Space X" ба истгоҳи моҳварии ин кишвар, ки дар мадори наздик ба замин қарор дорад, хатар эҷод кардааст.

Дар нотаи Пекин ба дабири кулли СММ ду ҳодиса дар моҳҳои июл ва октябри соли равон ҳамчун намуна оварда шудааст.

Ба гуфтаи мақомоти Чин, истгоҳи моҳварии ин кишвар дубор маҷбур шудааст, барои пешгирӣ аз бархурд ба моҳвораи Starlink, ки ҳаракати номуназзам дорад, самти ҳаракати худро иваз кунад.

"Тибқи созишномаи кайҳонӣ аз соли 1967, кишварҳо барои фаъолияти ширкатҳои хусусӣ ва давлатии худ дар кайҳон ҷавобгар хоҳанд буд", - зикр шудааст дар нотаи Пекин.

Дар ҳоли ҳозир дар мадор ҳудуди 1800 моҳвораи Starlink, ки дастрасӣ ба Интернети босуръатро тақрибан дар даҳҳо кишвар таъмин мекунанд, фаъолият доранд. Ин ширкат аз мақомоти Амрико барои фаъолияти 12 ҳазор моҳвора иҷозат гирифтааст. Ба гуфтаи Маск, ширкати SpaceX барои иҷрои нақшаи дастрасӣ ба Интернет аз тамоми кураи замин ба наздики 30 ҳазор моҳвора ниёз дорад.

SpaceX то ҳол нотаи Чинро шарҳ надодааст.

XS
SM
MD
LG