Ссылки доступа

Талант Мамитов раиси порлумони Қирғизистон интихоб шуд


Вакилони даъвати VII порлумони Қирғизистон дар ҷаласаи аввали худ раиси порлумонро интихоб карданд. Талант Мамитов, вакил аз ҳизби "Интимак" раис интихоб шуд.

Ба ин мақом ду номзад пешбарӣ шуда буд. Ҳизби "Интимак" Талант Мамитовро пешниҳод кард, ки дар порлумони пешин чанд муддат раис буд. Ҳизби "Бутун Қирғизистон" номзадии раиси худ Адахан Мадумаровро пешбарӣ кард.

Дар натиҷаи овоздиҳӣ Мадумаров 10 раъй ва Мамитов 63 раъй соҳиб шуд. 14 вакили дигар зидди ҳар ду номзад овоз доданд.

Талант Мамитов дар порлумони пешин аз ҳизби "Республика - Ата-Журт" вакил буд. Вай дар ибтидои моҳи ноябри соли 2020 - баъди ҳаводиси октябрии Қирғизистон ва истеъфои Сооронбой Ҷеенбеков аз мақоми президентӣ - раиси порлумон интихоб шуда буд. Аз 14 ноябри соли 2020 то 28 январи соли 2021 иҷрокунандаи вазифаи президенти Қирғизистон буд.

Талант Мамитов аз афроди наздики президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ба ҳисоб меравад. Дар соли 2010 Мамитов, Ҷабборов ва раиси кунунии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев аз ҳизби "Ата Журт" вакил интихоб шуда буданд. Дар соли 2012 ҳар се боздошт шуданд.

XS
SM
MD
LG