Ссылки доступа

Мақомоти Узбекистон афродеро боздошт карданд, ки ба сокинон ваъдаи бурдан ба ИМА-ро медоданд


Мақомоти амниятии Узбекистон ду шаҳрвандеро боздошт карданд, ки ба ду сокини Самарқанд ваъдаи бурдан ба ИМА-ро дода буданд.

Шаҳрвандони соли таваллудашон 1985 ва 1991 ба ду сокини шаҳри Самарқанд ваъда додаанд, ки дар ивази 30 ҳазор долларӣ онҳоро ба ИМА мебаранд.

Мақомоти амниятӣ ҳангоми гирифтани 20 ҳазор доллари пешпардохт онҳоро боздошт карданд. Шаҳрвандони боздоштшуда ба сокинони Самарқанд гуфтаанд, ки бо масири "Узбекистон - Туркия - Боливия - Колумбия - Мексика - ИМА" онҳоро ба макони ваъдагӣ мерасонанд.

Мақомот аз боздоштшудаҳо нусхаи шиносномаи бештар аз 60 шаҳрвандро дарёфт кардаанд. Аз рӯи ин ҳодиса парванда боз ва тафтишот шуруъ шудааст.

Рӯзи 10 декбар Оҷонси муҳоҷирати меҳнатии хориҷии Узбекистон гуфт, неруҳои амрикоӣ чаҳор узбекистониеро боздошт кардаанд, ки марзи Максико бо Амрикоро ғайриқонунӣ убур кардаанд.

XS
SM
MD
LG