Ссылки доступа

Президенти Қазоқистон қонуни манъи ҳукми қатлро имзо кард


Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев 29 декабр лоиҳаи қонунеро, ки ҳукми қатлро дар он кишвар пурра манъ мекунад, имзо кард.

Пештар ин лоиҳаро Сенати Қазоқистон ба тасвиб расонда буд. Бино ба иттилои сомонаи палатаи болоии порлумони Қазоқистон, ҳукми қатли ҳамаи маҳкумшудаҳо ба ҳабси якумрӣ иваз хоҳад шуд.

Ҳукми қатлро 17 банди Кодекси ҷиноии Қазоқистон пешбинӣ мекард. Ин ҳукм асосан ба онҳое пешбинӣ шуда буд, ки дар терроризм, сӯиқасд ба ҷони президент ё раисҷумҳури нахустини ин кишвар Нурсултон Назарбоев айбдор дониста мешаванд.

Қазоқистон соли 2002 дар иҷрои ҳукми қатл мораторий эълон карданд, вале гунаҳкорон ба терроризм аз он истисно буданд. Соли 2016 Руслан Куликбоев, ки ба тирборон кардани мардум дар Алмато гунаҳкор дониста мешуд, ба қатл маҳкум гашт.

президенти Қазоқистон Қосиҷомарт Тоқаев моҳи декабри соли 2019 аз минбари Маҷмааи умумии Созмони Милал қавл дод, ки Нурсултон ҳукми қатлро аз байн мебардорад. Аз миёни кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ ҳоло фақат Русияву Тоҷикистон ва Белорус мондаанд, ки ба Протоколи дуввуми Паймони Байналмилалии Ҳуқуқи Маданӣ ва Сиёсӣ ҳамроҳ нашудаанд. Дар Тоҷикистон иҷрои ҳукми қатл мамнуъ аст, вале дар Белорус ҳануз ҳам иҷро мешавад.

XS
SM
MD
LG