Ссылки доступа

Дар Бишкек озмоишгоҳи маводи мухаддир ошкор шудааст


Қудратиҳои Қирғизистон фаъолияти як озмоишгоҳи маводи мухаддирро дар ноҳияи Ленини шаҳри Бишкек ошкор ва аз он ба маблағи 10 миллион сом ё $118 ҳазор маводи психотропӣ мусодира кардаанд.

Ба огаҳии пулиси Бишкек, маъмурони пулис бо масъули фурушгоҳи интернетӣ ба ҳайси муштарӣ тамос гирифта, дар бораи хариди миқдори зиёди маводи "Мефедрон" созиш кардаанд.

Дар натиҷа шаҳрванди Қирғизистон К.А., ки ҳамчун масъули фурушгоҳи интернетӣ ба навиштаҳо посух медод, дар манзили иҷорае дар ноҳияи Ленин боздошт шудааст.

Ба иттилои манбаъ, аз манзили иҷораи гумонбар, ки ҳоло дар боздоштгоҳ аст, 1,5 кило "Мефедрон" ва 0,8 кило "Алфа PVP" дарёфт ва мусодира кардаанд.

XS
SM
MD
LG