Ссылки доступа

Шӯрои ҷаҳонии имомҳо рафтан ба Олимпиадаи Пекинро манъ кард


Шӯрои ҷаҳонии имомҳо бо нашри изҳороте рафтани мусулмонҳо ба Бозиҳои олимпии Пекинро, ки қарор аст, аз 4 то 20 феврал баргузор шаванд, манъ кардааст.

Масъулони шӯро гуфтаанд, ин қарор ба хотири дастгирии мусулмонҳое содир шуда, ки дар минтақаи Шинҷони Чин таъқиб мешаванд.

Зери изҳорот муфтиҳои Русия, Уммон, Миср ва кишварҳои дигар имзо гузоштаанд. Раиси Конгресси ҷаҳонии уйғурҳо низ имзо гузоштааст.

Пештар ИМА ва як қатор кишварҳо низ Бозиҳои олимпии Пекинро таҳрими дипломатӣ карда буданд.

Мусулмонони Чин, аз ҷумла сокинони Шинҷон мақомоти ин кишварро дар меҳнати иҷборӣ, назорати сахти мизони таваллуд, ҷудо кардани кудакон аз модарҳояшон дар зиндон ва аз байн бурдани ҳуввияти фарҳангӣ ва динии мардуми бумӣ айбдор мекунанд.

XS
SM
MD
LG