Ссылки доступа

Дар натиҷаи тарфбозӣ дар Туркманистон 3 кас кушта ва 20 нафар захмӣ шуд


Дар натиҷаи таркиши "петарда"-и худсохт дар вилояти Лебапи Туркманистон се нафар ба ҳалокат расида, беш аз 20 тани дигар захмӣ шудаанд.

Ба иттилои манбаи бахши туркмании Радиои Озодӣ, дар робита ба омодасозии "петарда" як кафшергари маҳаллӣ дастгир гаштааст.

Таркиш шаби 31 декабр дар деҳаи "Гушчулар"-и вилоят рух додааст. Манбаи радио гуфт, дар натиҷаи он ду навраси 14-сола ва як марди 40-сола ба ҳалокат расидаанд. Зиёда аз 20 тани дигар захмӣ шудаанд.

Сокинони "Гушчулар" зоҳиран мехостанд, бо "петарда"-и худсохт Соли навро пешвоз гиранд.

Дар робита ба ин ҳодиса бо банди омодасозии маводи таркандаи худсохт парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Баъди рух додани ҳодиса дастрасӣ ба Интернет дар деҳаи мазкур қатъ шудаааст. "Барои он Интернетро қатъ карданд, ки хабар паҳн нашавад", - изҳор дошт манбаъ.

XS
SM
MD
LG