Ссылки доступа

Қирғизистон неругоҳи "Қамбарота-1"-ро худаш сохтанист


Вазири иқтисоди Қирғизистон Доскул Бекмурзоев дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, Бишкек имкони бунёди неругоҳи "Қамбарота-1"-ро бо сармояи дохилӣ баррасӣ мекунад.

Ба гуфтаи вазир, дар ҳоли ҳозир гуфтугӯҳо бо сармоягузорони маҳаллӣ дар ин замина идома доранд.

"Агар ин неругоҳ бо сармояи дохилӣ бунёд гардад, хуб мешавад. Аз ҳисоби ислоҳот ва сарфаи пулҳо мешавад иқтидори онро бештар кард", - изҳор дошт Бекмурзоев.

Вазири иқтисоди Қирғизистон афзуд, ки имкон дорад, чархаи аввали неругоҳ дар давоми се соли оянда ба истифода дода шавад.

Пештар мақомоти Узбекистону Қирғизистон гуфтанд, тасмим гирифтаанд, ки "Қамбарота-1"-ро дар рӯдхонаи Норин бо ҳам иҷро кунанд. Ин созиш дар ҷараёни сафари давлатии президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ба Узбекистон ҳосил шудааст.

Иҷрои тарҳи бунёди "Қамбарота-1" дар рӯдхонаи Норин чанд сол аст, ки ба таъхир меафтад. Бунёди ин нирӯгоҳ бо иқтидори 1860 мегаватт ҳанӯз дар охирҳои соли 1980 дар назар буд. Вале то ҳол иҷро нашудааст.

Ҳукумати Қирғизистон барои бунёди нирӯгоҳи мазкур бори охир соли 2012 бо Русия созишнома ба имзо расонд. Вале санад соли 2016 бо ташаббуси ҷониби Қирғизистон бекор карда шуд.

XS
SM
MD
LG