Ссылки доступа

Нахуствазири Судон истеъфо дод


Абдуллоҳ Ҳамдук, нахуствазири Судон, баъд аз шаш ҳафтаи бозгашт ба қудрат, рӯзи 2-юми январ эълон кард, ки аз мақомаш истеъфо медиҳад. Ӯ пас як табаддулоти давлатӣ барканор шуда буд, вале бо фармондеҳони артиш ба созиш расида буд, ки то поёни давраи интиқолӣ дар мақоми нахуствазирӣ бимонад.

Вай, ки дар ташкили ҳукумат ноком монда буд, бо идомаи эътирозҳои умумӣ алайҳи амалкардҳои низомиён ва тасарруфи қудрат аз сӯи онҳо, аз мақомаш канор рафт. Эълони истеъфои Абдуллоҳ Ҳамдук аз мақоми нахуствазирӣ, нигарониҳоро дар бораи ояндаи Судон бештар кардааст.

Се сол пеш дар пайи тазоҳуроти мардумӣ, президенти вақти он кишвар Умар Ал-Башир аз мақомаш барканор шуда буд. Пас аз барканории Умар Ал-Башир иқтисоддон ва мақоми пешини СММ Абдуллоҳ Ҳамдук, ки аз эҳтироми умумӣ бархурдор буд, тибқи як созиш миёни низомиён ва ғайринизомиён, нахуствазири он кишвар шуд.

Як моҳ пеш низомиёни Судон даст ба табаддулот заданд ва муддате Ҳамдукро дар ҳабси хонагӣ нигоҳ доштанд. Аммо ӯ чанде баъд дубора ба қудрат бозгашт. Бисёре аз судониҳо аз ин созиши Ҳамдук бо низомиён интиқод карданд. Мардум ин бор хостори дахолат накардани артиш дар раванди интиқоли қудрат ба ғайринизомиён ва баргузории интихоботи озод ҳастанд.

XS
SM
MD
LG