Ссылки доступа

Сафири Русия: баъзеҳо намехоҳанд, дар Узбекистон нерӯгоҳи ҳастаӣ бунёд шавад


Сафири Русия дар Узбекистон Олег Малгинов.
Сафири Русия дар Узбекистон Олег Малгинов.

Сафири Русия дар шаҳри Тошканд Олег Малгинов баъзе кишварҳое ҳастанд, ки ба иҷрои тарҳи бунёди неругоҳи ҳастаӣ дар Узбекистон монеа эҷод мекунанд. Дар ҳоле ки худи онҳо чандин неругоҳи ҳастаӣ фармоиш додаанд.

"Баъзе аз ҳамсоякишварҳое ҳастанд, ки аз бунёди нерӯгоҳи ҳастаӣ дар Узбекистон нигаронанд, вале худи онҳо се неругоҳи ҳастаӣ фармоиш додаанд. Агар ин кишварҳо неругоҳҳояшонро зуд бунёд кунанд, маҳз онҳо барқро дар минтақа хоҳанд фурӯхт. Дар инҷо рақобат аст ва бинобар ин, набояд ба таъхиркорӣ роҳ дод", - изҳор доштааст ӯ.

Масъалаи бунёди нирӯгоҳи ҳастаӣ дар Ӯзбекистон ҳанӯз дар солҳои 80-уми асри XX матраҳ шуда буд. Вале иҷрои тарҳ ба иллати хатари зиёди заминларза ба таъхир афтод. Ширкати русии "Росатом" аз ибтидои асри XXI ба бунёди нирӯгоҳ сахт талош дорад ва ҳукумати Ӯзбекистону Русия низ моҳи декабри соли 2017 дар ин замина созишномаеро имзо карданд.

Лихачев он замон гуфта буд, ки Русия пешниҳод дорад, маҷмуаи иборат аз ду блоки энержӣ сохта шавад. Иқтидори нирӯгоҳ аз 2300 МВт иборат хоҳад буд. Ин миқдор барқ 20% талаботи Ӯзбекистонро таъмин мекунад. Бино бар барномарезии мақомоти Ӯзбекистон, неругоҳи ҳастаӣ то 4 миллиард метри мукааби гази табииро сарфа мекунад ва солона то 600 миллион доллар даромад меорад.

Тибқи нақша, нирӯгоҳ бояд то соли 2030 мавриди истифода қарор гирад. Ҳукумати Русия барои бунёди он ба Ӯзбекистон қарз хоҳад дод.

XS
SM
MD
LG