Ссылки доступа

Дар Қазоқистон ронандагон зидди гароншавии газ тазоҳурот карданд


Ҳудуди 80 ронанда шаби 3 ба 4 январ дар майдони марказии "Абай"-и шаҳри Урали Қазоқистон ҷамъ шуда, зидди гаронтар шудани нархи газ эътироз карданд.

Ронандагони қазоқ талаб карданд, ки нархи газ то ба 50 танга (0,11 доллар) поин бурда шавад. "Мо талаб мекунем, ки нархи газ то ба 50 танга поин оварда шавад", - гуфтанд ҷамъшудаҳо.

Онҳо гуфтанд, аз мавқеи сокинони шаҳри Жанаозени Қазоқистон, ки рӯзи 2-юми январ ба нишони эътироз алайҳи афзоиши нархи газ эътироз карда, муддате роҳҳоро баста буданд, ҷонибдорӣ мекунанд.

Ба назди эътирозгарон муовини сардори пулиси шаҳр Жанболат Жаншин баромада, аз онҳо хост, расман дархост кунанд ва ҳамоиши эътирозии "қонунӣ" баргузор намоянд. Вале эътирозгарон гуфтанд, ки борҳо дархост кардаанд, вале муроҷиатҳояшон бепосух мондааст.

Гурӯҳе дар шаҳри Нурсултон низ ба нишони ҳамдилӣ бо эътирозгарони Жанаозен ба кӯчаҳо баромаданд, аммо мақомот эътирозгаронро ба автобусҳо шинонда, ба самти номаълум бурданд. Ҳамин гуна ҷамъомади эътирозӣ дар шаҳри Алмаато ҳам ҷой доштааст.

Ҳукумати Қазоқистон тасмим гирифтааст, ки нархи гази табииро ба назм дарорад. Оҷонси ҳифз ва рушди рақобати он кишвар эҳтимоли ҷой доштани мувофиқати ширкатҳои фурӯшандаи газро барои боло бурдани нархи маводи сӯхт таҳқиқ мекунад. Тоҷирони гази табиӣ мегӯянд, сабаби болоравии нарх афзоиши талабот аст.

Серик Бактибайулӣ, як фаъоли шаҳрвандӣ аз Жанаозен, гуфт, сокинон талаб доранд, ки нархи гази моеъ то 50 танга (1 сомониву 30 дирам) барои як литр поин оварда шавад. Ба қавли ӯ, "рӯзи 31-уми декабр арзиши газ дар шаҳр 100 танга (2 сомониву 60 дирам) буд ва аз 1-уми январи имсол то ба 120 танга (беш аз 3 сомонӣ боло рафтааст."

XS
SM
MD
LG