Ссылки доступа

"Ceнтерра" ба ҳукумати Қирғизистон чанд шарт гузошт


Ширкати канадагии "Centerra Gold Inc.", ки то чанд моҳи пеш калонтарин кони тилои Қирғизистон - "Қумтор"-ро дар ихтиёр дошт, оғози гуфтугӯҳояш бо ҳукумати ин кишварро тасдиқ кард.

Дар изҳороти ин ширкат, ки 3 январ нашр шуд, чанд шарт ба ҳукумати қирғизистон гузошта шудааст. Аз ҷумла, 26,1%-и саҳмияи кон, ки ҳоло ба ширкати "Қирғизолтин" тааллуқ дорад, ба "Centerra Gold Inc." дода шавад ва ду узви ин ширкат аз ҳайати шӯрои мудирон берун карда шаванд.

Яке аз шартҳои асосие, ки "Centerra Gold Inc." гузоштааст, қатъи ҳама гуна баҳсҳои додгоҳӣ алайҳи ин ширкат мебошад.

Қумтор бузургтарин кони тилои Қирғизистон аст, ки солона то 15-17 тона тило аз онҷо истихроҷ мешавад. То баҳори имсол кони мазкурро ширкати канадагии "Centerra Gold Inc." коркард мекард ва Қирғизистон 26% саҳм дошт. Мақомоти Қирғизистон охири баҳори имсол мудирияти конро ба ихтиёри худ гирифтанд. Баҳси Қирғизистон бо ширкати канадагӣ ба додгоҳи байналхалқӣ кашида шудааст.

XS
SM
MD
LG