Ссылки доступа

Шумори рекордии аъзои Конгресс ба COVID-19 мубтало шудаанд


Дасти кам, 13 дарсади узви Конгресси ИМА, ки давоми ҳафтаи ахир аз санҷиш гузаронида шуданд, ба коронавирус ё COVID-19 мубтало шудаанд.

Як ҳафта пеш, ҳаҷми миёнаи мубталошавии аъзоёни Конгресс ба коронавирус як дарсадро ташкил медод. Дар ин бора дар номаи табиби Конгресс ба қонунгузорҳо иттилоъ дода шудааст.

Ба ҳисоби табиб Брайан Мойнихен, чанд сад корманди Конгресс ба коронавирус гирифтор шудаанд. Ӯ аз раҳбарияти порлумони Амрико даъват кардааст, ки то ҳадди имкон фаъолияти кормандонро дар шакли фосилавӣ ё маҷозӣ ба роҳ монад.

Давоми чанд рӯзи ахир чандин узви шинохтаи Конгресс, аз ҷумла сенатори демократ Элизабет Уоррен эълом кард, ки ба коронавирус гирифтор шудааст. Дар номаи Мойнихен гуфта шудааст, онҳое, ки эм шудаанд, бемориро дар шакли сабук мегузаронанд.

XS
SM
MD
LG