Ссылки доступа

Ҳукумати Қазоқистон розӣ шуд, газро дар як вилоят арзон кунад


Комиссияи ҳукуматӣ ба раҳбарии муовини сарвазири Қазоқистон Ералӣ Тугжанов бо тазоҳургарони майдони Интимак дар шаҳри Актау мулоқотеро баргузор кард.

Тугжанов ба сокинон хабар дод, ки нархи газ то ба 50 танга поин бурда шуд. Вале тавре дар иттилоияи ҳукумати Қазоқистон гуфта шудааст, ин қарор танҳо ба вилояти Мангистау дахл дошта, газ низ аз ҳисоби ширкати "КазМунаГаз" дар доираи "масъулияти иҷтимоӣ" арзон карда мешавад.

Муовини сарвазири Қазоқистон ҳамчунин ваъда дод, ки ягон тазоҳургар ба ҷавобгарӣ кашида намешавад.

Эътирозгарони Актау гуфтанд, майдонро тарк карданӣ нестанд, зеро поин бурдани нархи газ яке аз талабҳои онҳо буд.

"Онҳо аллакай ҳудуди 10 ҳазор шудаанд ва талаб доранд, ки сатҳи иҷтимоии мардум боло бурда шавад. Тағйири мансабдорон дар шаҳри Нурсултон низ талаб карда мешавад. Бархеҳо талаб мекунанд, ки зиндониёни сиёсӣ озод шаванд", - гуфт яке аз раҳбарони эътирозгарон дар Актау Есбердӣ Асауов.

XS
SM
MD
LG