Ссылки доступа

Боздошти тазоҳургарон дар эътирозҳои Алмато


Пулиси шаҳри Алматои Қазоқистон 4 январ ҳудуди сад нафар аз иштирокдорони тазоҳуроти гуруҳи ташаббускори таъсиси Ҳизби демократии Қазоқистонро дастгир кард.

Ҳамчунин ҳамаи иштирокдорони ҳамоиши эътирозии "Oyan, Qazaqstan" (Қазоқистон бедор шав!) дар Алмато боздошт шудаанд.

Инга Имонбой, намояндаи гуруҳи ташаббускор хабар дод, ки дар рафти тазоҳуроти онҳо "одамони зиёд" ҷамъ шуданд ва поин бурдани нархи газ, беҳсозии вазъи иҷтимоии мардумро талаб мекунанд.

Маъмурони пулис баъд аз чанд дақиқаи оғози тазоҳурот иштирокдоронро боздошт намуданд. Ба гуфта Имонбой, пулис нахуст раҳбари гуруҳи ташаббускор Ҷонболат Мамайро дастгир кард.

Эътирозгарони Алмато гуфтаанд, аз мавқеи сокинони шаҳри Жанаозени ин кишвар, ки 2 январ зидди болоравии нархи газ тазоҳурот карданд, ҷонибдорӣ менамоянд.

XS
SM
MD
LG