Ссылки доступа

Гузаргоҳи зеризаминии нави Самарқанд зери об монд


Гузаргоҳи зеризаминии наве, ки дар чорроҳаи кӯчаҳои Рудакӣ ва Бустонсаройи Самарқанд 31 декабр бо тантана ба истифода дода шуда буд, дар пайи боридани бороне зери об монд.

Дар наворҳое, ки 4 январ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуданд, дида мешавад, дохили нақб пур аз об аст. Ин наворҳо баҳсҳои тундеро миёни корбарони узбек ба миён оварда, бархеҳо онро "натиҷаи дуздии мансабдорон дар Узбекистон" номидаанд.

Расонаҳои маҳаллӣ навиштаанд, ки ин гузаргоҳи зеризаминӣ бо харҷӣ 67,7 ($13 млн) миллиард сӯм дар доираи тавсеа бахшидани роҳҳои Самарқанд бахшида ба саммити Созмони ҳамкориҳои Шангхай бунёд шуда буд.

Раиси вилояти Самарқанд Эркинҷон Турдимов ҳангоми суханронӣ дар маросими кушодашавии гузаргоҳ гуфта буд, "ин иншоот барои он муҳим аст, ки онро бинокорони маҳаллӣ сохтаанд".

Ба гуфтаи раиси вилоят, бинокорони маҳаллӣ гузаргоҳро бо харҷи 3,5-4 баробар камтар аз гузаргоҳҳои ҳамсони кишварҳои дигар сохтаанд.

XS
SM
MD
LG