Ссылки доступа

Сеул ва Токио гуфтанд, Пхенян мушаки болдор партоб кард


Куриёи Шимолӣ ба ҷониби баҳри Ҷопон дасти кам, як мушаки номаълумро партоб кардааст, ки эҳтимол меравад, болдор бошад.

Дар ин бора хабаргузории "Рёнхап" бо истинод ба Кумитаи муттаҳидаи сардорони ситодҳои Куриёи Ҷанубӣ иттилоъ додааст.

Ба иттилои горди соҳилии Ҷопон, қитъаҳои мушак дар баҳр афтодаанд. Вазорати дифои Ҷопон хабар додааст, ки мушаки мазкур ҳудуди 500 километр парвоз карда, берун аз минтақаи истисноии иқтисодии ин кишвар афтодааст.

Шӯрои амнияти миллии Куриёи Ҷанубӣ роҷеъ ба ин масъала ҷаласаи изтирориеро баргузор карда, аъзои шӯро аз масъулони Куриёи Шимолӣ даъват кардаанд, ки пушти мизи гуфтушунид бинишинанд.

Куриёи Шимолӣ то ҳол партоби мушакро расман тасдиқ накардааст.

XS
SM
MD
LG