Ссылки доступа

Эътирозгарони Алмато ба самти маркази шаҳр равонанд


Садҳо эътирозгар 5 январ тавассути хиёбони "Толе-бӣ"-и шаҳри Алматои Қазоқистон ба самти маркази шаҳр, ҷое, ки шаҳрдорӣ ҷойгир аст, равон шудаанд.

Онҳо аз мақомот ҷасади сокинеро талаб карданд, ки гӯиё 4 январ зери чархи мошини пулис ҷон додааст.

"Мо даст ба тазоҳуроти осоишта задем. Мо зидди касе аз неру кор нагирифтем. Баръакс, онҳо зидди мо неруро истифода карданд ва маҳз барои ҳамин вазъ чунин шудааст", - изҳор дошт яке аз эътирозгарон дар суҳбат бо бахши қазоқии Радиои Озодӣ.

Ба гуфтаи эътирозгарон, мақомот намехоҳанд бо тазоҳургарон гуфтугӯро ба роҳ монанд. Онҳо аз нерӯ истифода мекунанд.

"Аз шаҳрдорӣ ягон кас ба назди мо набаромад. Онҳо танҳо аз нерӯ истифода мекунанд. Ба назди эътирозгарони Мангистау ва Жанаозен мақомот мебароянд, вале ба назди мо касе наомад. Бигузор, зуд ба назди мо ҳозир шаванд", - гуфт эътирозгари дигарӣ.

Гирдиҳамоиҳои эътирозӣ дар Қазоқистон рӯзи 2-юми январи имсол ба далели якбора боло рафтани нархи гази моеъ оғоз шуд. Ҳоло норозиён ба решакан кардани фасоду ришвахорӣ, хешутаборбозӣ ва сохтмони корхонаҳову кам кардани сатҳи бекорӣ низ даъват доранд.

Дар гирдиҳамоиҳо шиори "Пирамард, бирав!" низ садо медиҳад, ки бештар нисбати Нурсултон Назарбоев, президенти собиқи Қазоқистон ва шахси ҳанӯз пурнуфузи он кишвар, баён мешавад.

XS
SM
MD
LG