Ссылки доступа

Тоқаев мақоми Назарбоевро гирифт. Дар Қазоқистон тазоҳуроти мардум зиёдтар шудааст


Дар ҳоле ки тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ дар Қазоқистон авҷ мегирад, президент Қосимҷомарт Тоқаев бори дигар тавассути телевизиони давлатӣ эълон кард, ки кишварро тарк намекунад.

Норозиён рӯзи 5-уми январ ба шаҳрдории Алмаато, бинои ҳукумати Оқтеппа ва қароргоҳи раиси ҷумҳурӣ юриш бурданд. Маъмурони пулис барои пароканда кардани тазоҳургарон аз норинҷакҳои гиҷкунанда истифода карданд. Дар бораи захмиҳо ва қурбониён гузориш мерасад, аммо шумораи дақиқи онҳо эълон нашудааст.

Тазоҳурот дар гӯшаҳои гуногуни Қазоқистон ба зидди ҳукумат аз 2-юми январ идома дорад. Эътирозгарон дар аввал аз болоравии нархи гази моеъ шикоят доштанд, ҳоло тағйироти сиёсӣ, аз байн бурдани фасоду хешутаборбозиро мехоҳанд.

Қосимҷомарт Тоқаев рӯзи 5-уми январ гуфт, ки раёсати Шӯрои амнияти Қазоқистонро ба уҳда мегирад. Қаблан ин идораро президенти собиқ, Нурсултон Назарбоев, раҳбарӣ дошт. Вай дар соли 1991 дар Қазоқистон ба қудрат расид ва моҳи марти соли 2019, баъди қариб 30 соли роҳбарӣ, аз мақом канор рафт, аммо ба ҳайси раиси доимии Шӯрои амният ва раиси Ҳизби Нур Отан нуфузи худро ҳифз кард.

Тоқаев рӯзи чаҳоршанбе гуфт, ки акнун ҳамчун раиси Шӯрои амният чораҳои сахттар меандешад. "Дар ояндаи наздик пешниҳодҳои худро дар мавриди дигаргунсозии сиёсии Қазоқистон нашр хоҳам кард," -- гуфт ӯ. Аз ин пеш, вай ҳукуматро ба истеъфо фиристод ва дар шаҳри Нурсултон, Алмаато ва Мангистау вазъи фавқулода ҷорӣ кард.

XS
SM
MD
LG