Ссылки доступа

Кохи сафед: ИМА вазъ дар Қазоқистонро бодиққат пайгирӣ мекунад


Кохи сафед шаҳрвандони Қазоқистонро ба оромӣ ва хештандорӣ даъват карда, гуфт, ИМА бетартибиҳо дар он кишварро бодиққат пайгирӣ мекунад.

"Мо хабарҳо дар бораи эътирозҳои Қазоқистонро пайгирӣ ва аз даъватҳо ба оромӣ ва хештандории эътирозгарон ҷонибдорӣ мекунем. Талабҳо ба мақомот бояд аз роҳи осоишта ироа шаванд", - изҳор дошт сухангӯи Кохи сафед Ҷен Псакион рӯзи чоршанбе дар нишасти хабарӣ.

Ӯ изҳороти ҷониби Русияро дар бораи он ки гӯиё ИМА дар барангехтани бетартибиҳои Қазоқистон даст дорад, "дуруғи маҳз" номид.

Рӯзи 2-юми январ эътирозҳо алайҳи афзоиши нархи гази моеъ дар шаҳри Жанаозени Қазоқистон оғоз шуд ва сипас дар Актау, Алмаато, Нурсултон, Атирау ва Чимкент ҳамовозӣ ёфт.

Рӯзи 4-уми январ кумисюни ҳукуматӣ бо супориши раисиҷумҳур Қосимҷомарт Тоқаев ваъда дод, ки талаби норозиёнро иҷро хоҳад кард. Пас аз се рӯзи эътирозҳо, президент Тоқаев ҳукуматро барканор, танзими давлатии нархҳоро ҷорӣ ва дар се минтақа вазъияти изтирорӣ эълон кард, аммо эътирозҳо идома ёфтанд.

Ҳоло дар саросари Қазоқистон вазъияти фавқулода ҷорӣ шуда, мақомот барои саркӯби ба гуфтаашон “таҳдиди террористӣ” аз кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ёрӣ хостаанд.

XS
SM
MD
LG