Ссылки доступа

Қирғизистон гуфт, омодааст уҳдадориҳояшро дар доираи СПАД иҷро кунад


Раиси девони вазирони Қирғизистон Оқилбек Жапаров 6 январ дар робита ба ҳаводиси ахири Қазоқистон ҷаласаи изтирориеро баргузор кард.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии девони вазирон, Жапаров ҳисоботи раҳбарони ниҳодҳои қудратӣ роҷеъ ба вазъ дар марзи ин кишвар бо Қазоқистон ва таҳдидҳои эҳтимолиро шунидааст.

Раиси девони вазирони Қирғизистон ба вазоратхонаҳои молия ва иқтисод дастур додааст, ки фаъолияти бидуни танаффуси низоми бонкӣ ва амнияти сӯзишворию ғизоиро дар кишвар таъмин кунанд.

Жапаров гуфтааст, Қирғизистон бар асоси қарори раҳбарони кишварҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) омодагии худро барои дастгириии Қазоқистон баён карда, дар сурати зарурӣ уҳдадориҳои ҳампаймонияшро дар доираи созмон иҷро мекунад.

Интизор меравад, порлумони Қирғизистон имрӯз роҷеъ ба вазъи Қазоқистон ҷаласаи изтирорӣ баргузор кунад.

Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон, дар пасманзари шиддат гирифтани эътирозҳо, шаби 6-уми январ дар саросари ин кишвар вазъи фавқулода ҷорӣ кард ва ҷаласаи Шӯрои амниятро баргузор намуд.

Тоқаев дар нишасти Шӯрои амнияти Қазоқистон тазоҳургаронро “террористҳои воқеӣ” ном бурда, аз Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ё ОДКБ барои, ба гуфтаи ӯ, “рафъи таҳдиди террористӣ” ёрӣ хост. Ба ин созмони зери нуфузи Русия Тоҷикистону Қирғизистон, Қазоқистон ва Арманистону Беларус шомиланд.

XS
SM
MD
LG