Ссылки доступа

Пулиси Қазоқистон: майдони марказии Алмато "тоза шуд"


Вазорати умури дохилии Қазоқистон иттилоъ дод, ки майдони "Ҷумҳурӣ"-и шаҳри Алмато аз "гуруҳҳои ҷиноӣ тоза карда шуд".

Пештар бахши қазоқии Радиои Озодӣ хабар дода буд, ки ба самти эътирозгарони майдони "Ҷумҳурӣ" оташ кушода шудааст. Дар майдон фаъолоне қарор доштанд, ки дар эътирозҳо иштирок мекарданд.

Рӯзноманигори маҳаллӣ Ануар Дониёров гуфт, соатҳои 18:43 ба вақти маҳаллӣ, аз сӯи хиёбони Назарбоев як зиреҳпӯш омад ва аз дохили он ба самти тазоҳургарон бо силоҳи автомат оташ кушоданд.

Ин хабарро фаъолони маданӣ Марат Туримбетов ва Айгерим Толеужан, ки он замон дар майдон буданд, тасдиқ карданд.

Ба гуфтаи Дониёров, дар натиҷаи ин тирпаронӣ як ҷавони тахминан 18-20-сола ба ҳалокат расидааст.

Намояндаи гуруҳи ташаббускори таъсиси Ҳизби демократӣ дар Қазоқистон Айгерим Толеужан гуфт, бештари эътирозгароне, ки дар майдони Алмато буданд, силоҳ надоштанд.

Вазорати умури дохилии Қазоқистон гуфтааст, эътирозгароне, ки аз таслим кардани силоҳҳояшон худдорӣ мекунанд, "маҳв" хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG