Ссылки доступа

Расонаҳо: ду ҳавопаймои "хонаводаи Назарбоев" дар Бишкек фуруд омаданд


Бино ба иттилои расонаҳои Қирғизистон, ду ҳавопаймои шахсии марбут ба хонаводаи президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар фурудгоҳи "Манас"-и шаҳри Бишкек ба замин нишастаанд.

Хабаргузории қирғизии "24.kg" иттилоъ додааст, ки тахминан соатҳои 23:00-и шаби 6 ба 7 январ як ҳавопаймои "Bombardier Global Express" дар фурудгоҳи Бишкек фуруд омад. Ҳавопаймои дувум низ, ки гуфта мешавад, он ҳам ба хонаводаи Назарбоев рабт дорад, соатҳои 22:10 дар фурудгоҳи пойтахти Қирғизистон нишастааст.

"Шояд экипаж мехост, истироҳат кунад ё сӯзишворӣ бигирад. Дар ин ҳолатҳо мусофирон намефароянд", - гуфтанд намояндагони фурудгоҳ.

Дар хадамоти матбуотии фурудгоҳи Бишкек тасдиқ карданд, ки ҳавопаймои "Bombardier" аз Аморати Муттаҳидаи Араб омада буд. Вале ҳамсуҳбатони хабаргузорӣ гуфтаанд, ки намедонанд ҳавопаймо ба кӣ тааллуқ дошт.

Тибқи иттилои Flightradar24, ҳавопаймо соатҳои 00:10 ба вақти маҳаллӣ, фурудгоҳи Бишкекро тарк кард.

XS
SM
MD
LG