Ссылки доступа

Қазоқистон марзҳои худро бо Узбекистон бастааст


Қазоқистон дар пайи эътирозҳои оммавӣ аз 6 январ марзҳои худро бо Узбекистон ба муҳлати номуайян бастааст.

Дар ин бора хабаргузории РИА Новостӣ бо истинод ба сафорати Қазоқистон дар Тошканд хабар дода, гуфтааст, ба басташавии марзҳо эъломи ҳолати изтирорӣ дар он кишвар сабаб шудааст.

Соҳибкорони Узбекистон, ки бо Қазоқистон ҳамкорӣ мекунанд, мегӯянд, ба далели басташавии марзҳо дар вазъи ногувор қарор гирифтаанд.

Дар ҳамин ҳол як манбаи наздик ба ҳукумати Узбекистон гуфтааст, президент Шавкат Мирзиёев дастур додааст, ки дар он кишвар нархи газ, бензин, барқ ва обро беасос боло набаранд.

XS
SM
MD
LG