Ссылки доступа

СПАД ба Қазоқистон ҳудуди 2,5 ҳазор "посдори сулҳ" мефиристад


Дабири кулли Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) Станислав Зас гуфт, шумори низомиёни созмон дар Қазоқистон наздики 2,5 ҳазор нафар хоҳад буд.

Ӯ, ки дар ин бора бо хабаргузории РИА Новостӣ суҳбат мекард, афзуд, ки ҷамъан дар ихтиёри СПАД ҳудуди 3000 ҳазор "посдори сулҳ" қарор дорад.

"Ба вазъ нигоҳ мекунем. Агар лозим шавад, тақвият мебахшем", - изҳор дошт дабири кулли СПАД. Ба гуфтаи ӯ, интиқоли "посдорони сулҳ"-и СПАД ба Қазоқистон 7 январ ба поён мерасад.

Қаблан президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дар пайи эътирозҳои оммавӣ дар кишвараш аз СПАД ё ОДКБ барои, ба гуфтаи ӯ, “рафъи таҳдиди террористӣ” ёрӣ хоста буд. Ба ин созмони зери нуфузи Русия Тоҷикистону Қирғизистон, Қазоқистон ва Арманистону Беларус шомиланд.​

Панҷ рӯз боз дар шаҳрҳои калонтарини Қазоқистон тазоҳурот идома дорад. Сокинони норозӣ аввал бо талаби поин овардани нархи гази моеъ ба кӯчаҳо баромаданд, сипас истеъфои ҳукумат ва аз байн бурдани фасоду хешутаборбозиро талаб карданд. Рӯзи 5-уми январ эътирозҳо дар Алмаато ба хушунат печид ва ҳукумати Қазоқистон онро "таҳдиди террористӣ" номид.

XS
SM
MD
LG