Ссылки доступа

Порлумони Қирғизистон фиристодани неру ба Қазоқистонро иҷозат дод


Порлумони Қирғизистон 7 январ ҷаласаи ғайринавбатии худро баргузор карда, ба фиристодани неру ба Қазоқистон иҷозат дод.

Вакили порлумони Қирғизистон Дастан Бекешев дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар ин бора хабар дода, навишт, ки намояндагони мардумии ин кишвар дар мавриди фиристодани неру ба Қазоқистон маҷбур шудаанд, ду бор раъйгирӣ баргузор кунанд.

Ба гуфтаи ӯ, дар раъйгирии аввал онҳо натавонистанд, қарореро қабул кунанд. "Дар раъйгирии дувум 69 вакил аз фиристодани неру ҷонибдорӣ карданд. Дар қарор омадааст, ки ба Қазоқистон 150 сарбоз ба муҳлати маҳдуд фиристода мешавад. Вале ин муҳлатро фармондеҳии Қазоқистон муайян мекунад", - афзудааст вакил.

Бекешев гуфта, ки худи вай зидди фиристодани неру раъй додааст.

Ирсоли нерӯҳо аз кишварҳои СПАД дар бархе аз кишварҳо, аз ҷумла Қирғизистон норозигиҳоро ба миён овард. Як гурӯҳ аз шаҳрвандони Қирғизистон 6 январ дар назди бинои ҳукумат ҷамъ шуда, талаб карданд, ки ба Қазоқистон нерӯ фиристода нашавад. Девони вазирони Қирғизистон аз сокинон даъват кард, ки қарори фиристодани нерӯ ба Қазоқистонро "дуруст ва бо ҳисси масъулият" қабул кунанд.

Панҷ рӯз боз дар шаҳрҳои калонтарини Қазоқистон тазоҳурот идома дорад. Сокинони норозӣ аввал бо талаби поин овардани нархи гази моеъ ба кӯчаҳо баромаданд, сипас истеъфои ҳукумат ва аз байн бурдани фасоду хешутаборбозиро талаб карданд. Рӯзи 5-уми январ эътирозҳо дар Алмаато ба хушунат печид ва ҳукумати Қазоқистон онро "таҳдиди террористӣ" хонда, аз шариконаш дар Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ёрӣ хост.

XS
SM
MD
LG