Ссылки доступа

Қазоқистон мусиқинавози қирғизистониро раҳо кард


музыкант Викрам Рузахунов
музыкант Викрам Рузахунов

Мусиқинавози қирғизистонӣ Викрам Рузахунов, ки дар Қазоқистон боздошт шуда буд, озод шудааст. Расонаҳо навиштанд, Рузахуновро аз Алмато ба Бишкек меоранд.

Рӯзи 9 январ телевизиони давлатии Қазоқистон "Qazaqstan" навори мардеро нишон дод, ки дар иштироки бетартибиҳои рӯзҳои аввали моҳи январ дар шаҳри Алматои Қазоқистон гумонбар мешуд. Мард дар навор иқрор шуда буд, ки "барои иштирок дар гирдиҳамоӣ" аз Қирғизистон ба Қазоқистон омадааст.

Сокинони Қирғизистон дар навор ҳамватани худ Викрам Рузахунови мусиқинавозро шинохтанд. Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон ба вазорати хориҷии Қазоқистон нотаи эътирозӣ ирсол кард. Фаъолони Қирғизистон аз мақомоти Қазоқистон даъват карданд, ки иттилои носанҷида нашр накунанд.

Дар Қазоқистон ба хотири гиромидошти қурбониёни ҳодисаҳои ахир 10-уми январ рӯзи мотами миллӣ эълон шудааст. Тибқи иттилои расмӣ, дар нооромиҳои ахири Қазоқистон 164 нафар ҳалок шудааст. Ба қавли Вазорати тандурустии ин кишвар, дар шаҳри Алмато 103 нафар, аз ҷумла ду кӯдак, дар вилояти Қизилордин 21 нафар, дар Ҷамбул 10 нафар ва дар вилояти Алмато 8 нафар кушта шудаанд. 22 нафари дигар дар кадом вилоят кушта шудаанд, вазорат шарҳ надодааст. Мақомоти интизомии Қазоқистон хабар доданд, ки дар заминаи ин воқеаҳо наздик ба 6000 нафар боздошт шудаанд.

Дар Қазоқистон бо сабаби гарон шудани нархи гази моеъ аз аввали моҳи январ мардум ба эътироз баромаданд. Ин эътирозҳо ба хушунат печиданд. Пештар мақомоти қазоқ хабар дода буд, ки рӯзи 5-уми январ 28 корманди Вазорати корҳои дохилии ин кишвар кушта шудааст.

Мақомоти кишвар 6-уми январ эълон карданд, ки “амалиёти зиддитерористӣ” анҷом медиҳанд. Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон гуфт, ба низомиёни фармон додааст, ки “нопурсида паронанд”.

Ҳанӯз маълум нест, ки чӣ тавр эътирози осоишта дар Қазоқистон ба хушунат печид. Бо даъвати президенти ин кишвар, кишварҳои узви СПАД, аз ҷумла Тоҷикистон ба Қазоқистон сарбозу афсар фиристод. Мухолифини тоҷик ин иқдомро хилофи арзишҳои давлатдорӣ ва дахолат ба умури кишвар дониста, танқид карданд.

XS
SM
MD
LG