Ссылки доступа

Ним миллион вояи воксини Moderna ба Узбекистон оварда шуд


Узбекистон аз барномаи ҷаҳонии COVAX бештар аз ним миллион вояи воксини Moderna ройгон дарёфт кард.

Барномаи COVAX рӯзи душанбе ин миқдор вояи воксини зидди коронавирусро ба Тошканд дод. Дар ин бора намояндаии ЮНИСЕФ дар Узбекистон хабар дод.

Ба иттилои вазорати тандурустии Узбекистон, дар соли нав ин нахустин вояҳои воксин аст, ки ба ин кишвар оварда мешавад.

Теъдоди вояҳое, ки дар доираи барномаи COVAX ба Узбекистон оварда шудааст, дар маҷмуъ бештар аз 9,5 миллион зиёд аст.

Узбекистон дар маҷмуъ аз хориҷ 49,5 миллион вояи воксини ройгон дарёфт кардааст.

XS
SM
MD
LG