Ин ширкатро ба духтари хурдии президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев Алия Назарбоева рабт медиҳанд.
"Соҳибкорон ва ҷомеа дар мавриди ширкати маъруф ба "Оператор РОП" суолҳои зиёде доранд. Кор то ҷое расид, ки як ҳаракати мардумӣ зидди ин ширкат ташкил шуд. Ман ба ҳукумат дастур медиҳам, ки фаъолияти ширкати мазкурро қатъ кунад", - гуфт Тоқаев.
Ширкати "Оператор РОП" соли 2015 таъсис шуд. Ин ширкат ба таъсиси зерсохтори марбут ба ҷамъоварии партовҳо ва коркарди партовҳо машғул аст.
Алия Назарбоева рабт доштани худро ба ширкати мазкур ошкор накардааст, аммо расонаҳо навиштанд, ки даромади ширкатро Назарбоева соҳиб мешавад.