Ссылки доступа

Мирзиёев изҳороти Лукашенкоро дар мавриди Узбекистон "беасос" донист


Дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Узбекистон, ки рӯзи 13 январ дар шаҳри Тошканд барпо шуд, президенти он кишвар Шавкат Мирзиёев дар робита ба изҳороти президенти Белорус Александр Лукашенко суҳбат кард.

"Чанд рӯзи пеш аз сӯи роҳбарони бархе аз кишварҳо изҳороти беасосе садо дод, ки Узбекистон бояд аз ҳаводиси Қазоқистон ибрат гирад. Мо вазъи минтақа, ҳамаи хатарҳо ва чолишҳои амниятии онро пайгирӣ мекунем. Барои вокуниши муносиб ба ҳамаи таҳдидҳо зарфияту неру дорем", - афзуд Мирзиёев.

Александр Лукашенко, президенти Белорус дар ҷаласаи онлайнии сарони кишварҳои узви СПАД гуфт, аз ҳаводиси Қазоқистон "пеш аз ҳама бояд Узбекистон ибрат гирад".

XS
SM
MD
LG