Ссылки доступа

Адахон Мадумаров - вакили порлумони Қирғизистонро бозпурсӣ карданд


Адахан Мадумаров

Адахон Мадумаров, вакили порлумон ва раиси ҳизби "Бутун Қирғизистон"-ро дар Додситонии кулли Қирғизистон бозпурсӣ карданд.

Расонаҳо навиштанд, ки Мадумаров ба ҳайси шоҳид дар масъалаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон бозпурсӣ мешавад. Манобеи расмӣ мавзуи бозпурсии ӯро тасдиқ ва ё рад накардаанд.

Дар нишасти хабарии рӯзи 23 октябри соли 2021 Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон ҳангоми шарҳи масоили марзӣ бо Тоҷикистон, аз Адахон Мадумаров ёд кард. Ҷабборов гуфт, "дар ҳалли масъалаи марзӣ бо Тоҷикистон мушкили зиёдро санаде эҷод мекунад, ки аз сӯи котиби вақти Шӯрои амният Адахон Мадумаров дар мавриди минтақаи Торт-Кочо имзо шудааст".

Мадумаров дар навбати худ изҳороти Ҷабборовро рад ва ёдовар шуд, ки санади имзошудаи вай вазни ҳуқуқӣ надорад.

XS
SM
MD
LG