Ссылки доступа

Қазоқистон бештари гузаргоҳҳои марзиро бо Қирғизистон боз кард


Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон аз тартиби нави убури марз бо Қазоқистон хабар дод.

Ба иттилои ин ниҳод, 17 январ гузаргоҳҳои марзии Қазоқистон ба убури шаҳрвандони Қирғизистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бидуни шаҳрвандӣ иҷоза доданд. Аммо бино ба маҳдудиятҳое, ки ҷониби Қазоқистон муайян кардааст. Ҷониби Қирғизистон хабар намедиҳад, маҳдудиятҳо аз чӣ иборат ҳастанд.

Через пункт пропуска «Каркыра-автодорожный» в Казахстан могут заехать только граждане этой страны, находящиеся в Кыргызстане.

Мошинҳои боркаш танҳо аз се гузаргоҳ: "Оқ-Тилек", "Чалдибар" ва "Чон-Капка" иҷозаи убур доранд.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон мегӯяд, вазъ дар гузаргоҳҳо муътадил буда, ҷамъшавии мошинҳову одамон мушоҳида намешавад

Ҷониби Қазоқистон марз бо Қирғизистонро рӯзи 7 январ баста буд.

XS
SM
MD
LG