Ссылки доступа

Рӯзноманигори қазоқ Махамбет Абжан то ҳол бедарак аст


Рӯзноманигор Махамбет Абжан, ки дар авҷи эътирозҳои оммавӣ дар Қазоқистон бедарак гашта буд, то ҳол пайдо нашудааст.

Наздикони рӯзноманигор мегӯянд, ӯ аз 6 январи соли равон ба ин сӯ беномунишон гаштааст.

"Вакили дифоъ ба Вазорати умури дохилии Қазоқистон муроҷиат кард. Вале дар онҷо гуфтанд, ки рӯзноманигорро дастгир накардаанд. Мо мехоҳем, дар ин бора расман посух диҳанд. Гомҳои минбаъдаи мо низ аз он чи дар посух гуфта мешавад, вобастааст", - изҳор дошт ҳамсари рӯзноманигор Гулзира Дуйсембоева.

Ба гуфтаи Дуйсембоева, як рӯз пеш аз бедаракшавии шавҳараш кормандони пулис дар либоси мулкӣ ба хонаи онҳо омада, талаб карданд, ки дарро кушоянд. Вале рӯзноманигор дарро накушодааст. Кормандони пулис гуфтаанд, ҳамсояҳо шикоят кардаанд, ки гӯиё аз хонаи рӯзноманигор сарусадои баланд шунида мешавад.

Абжан эътирозҳои оммавии 4 январ дар пойтахти Қазоқистонро бозтоб мекард ва субҳи 6 январ аз хона берун шуда, то ҳол бедарак аст. Номи ӯ дар рӯйхати расмии бедаракшудаҳо дида намешавад. Пулис 12 январ гуфтааст, ки рӯзноманигорро дастгир накардаанд.

XS
SM
MD
LG