Ссылки доступа

Пулиси Алмато гуфт, чаро захмиҳоро аз бемористон ба маҳбас бурданд


Департаменти пулиси шаҳри Алмато видеоеро, ки нишон медиҳад, неруҳои амниятии Қазоқистон захмиҳоро аз бемористон иҷборан берун мебаранд, шарҳ дод.

"16 марде, ки дар видео дида мешаванд, зиддашон бо банди 272-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз шудааст. Яъне, ба иштирок дар бетартибиҳои оммавӣ айбдор мешаванд", - омадааст дар иттилоияи пулис, ки дар расонаи маҳаллии Orda нашр шудааст.

Ба иттилои пулис, додгоҳ қарори ҳабси ин афродро содир намудааст. Манбаъ афзуда, ки онҳо дар маҳбас кумаки лозимии тиббиро дарёфт мекунанд.

Муовини сардори раёсати тандурустии Алмато Светлана Султангазиева 25 январ хабар дод, ки як қисми захмиҳо ба бемористони низомӣ ва қисми дигарашон ба ниҳодҳои тафтишотӣ интиқол дода шуданд.

Бахши қазоқии Радиои Озодӣ 24 январ видеоеро нашр кард, ки нишон медиҳад маъмурони неруи амниятӣ захмиҳоро иҷборан аз бемористон берун мебаранд. Ин навор 9 январ дар бемористони "Ёрии таъҷилӣ"-и Алмато сабт шудааст.

XS
SM
MD
LG