Вале ба гуфтаи ӯ, қатъи воридот ба таъмини талаботи дохили неруи барқ таъсир намерасонад.
Вазири энергетикаи Қирғизистон қатъи воридоти барқро ба садама дар ҳалқаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ рабт дода, афзуд, ки баъди бартараф кардани оқибатҳои садама воридот дубора аз сар гирифта мешавад.
Рӯзи 25-уми январ дар Қирғизистон ва баъзе аз минтақаҳои Қазоқистону Узбекистон нерӯи барқ қатъ шуд. Котиби матбуотии Вазорати энергетика ва саноати Қирғизистон Жийде Зоотбекова мушкилро ба ҳалқаи ягонаи энергетикӣ вобаста донист.
"Барқ дар саросари Осиёи Марказӣ хомӯш шуд. Айни замон дар Қазоқистон ва Узбекистон низ нерӯи барқ нест. Қирғизистон аз ҳалқаи ягонаи энергетикӣ баромада, интиқоли нерӯи барқро барқарор мекунад. Воҳима накунед, ҳама чиз зери назорат аст," – афзуд ӯ.