Ссылки доступа

ИМА дар робита ба вазъи атрофи Украина ҷаласаи Шӯрои амнияти СММ-ро даъват мекунад


Бо ташаббуси ИМА рӯзи 31 январ ҷаласаи Шӯрои амнияти СММ даъват ва дар он ҷамъшавии неруҳои Русия дар марз бо Украина баррасӣ хоҳад шуд.

"Бештар аз 100 ҳазор низомии Русия дар марз бо Украина ҷамъ оварда шудааст. Русия зидди Украина ҳар гуна амали барҳамзанандаи вазъро анҷом медиҳад ва ба ин тарбит, ба сулҳу амнияти байналхалқӣ хатари ошкоро эҷод мекунад", - омада аст дар изҳороти Линда Томас-Гринфилд, намояндаи доимии ИМА дар СММ.

ИМА бар ин назар аст, ки кишварҳои узви Шӯрои амният бояд, барои низоми байналхалқии амният оқибати ҳамлаи Русия ба Украинаро омӯзанд.

Русия ҳанӯз ба ин ташаббуси ИМА вокуниш накардааст ва аммо метавонад, аз баргузории ҷаласаи Шӯрои амният пешгирӣ кунад. Дар ҳар сурат, расонаҳо менависанд, ки ИМА ризоияти 9 узви дигари Шӯрои амниятро барои баргузории ин ҷаласа дарёфт кардааст.

ИМА бар ин назар аст, ки гуфтугӯҳои ошкоро дар Шӯрои амният метавонад, Кремлро ба хунсо кардани вазъ дар марз ба Украина водорад.

Дар ҳафтаҳои охир Русия дар марз бо Украина наздики 100 ҳазор низомӣ ва техникаи ҳарбӣ ҷамъ овардааст. Дар Киев ва пойтахтҳои дигари кишварҳои ғарбӣ нигаронанд, ки Кремл қасди ҳамла ба Украинаро дорад. Москва доштани чунин ниятро рад мекунад ва ҳамзамон изҳор медорад, ки бо назардошти ҳадафҳои амниятиаш ҳақ дорад, неруҳоро дар ҳар нуқтае аз Русия ҷамъ орад.

XS
SM
MD
LG