Ссылки доступа

Шӯрои амнияти СММ бар хилофи эътирози Москва ҷаласаи марбут ба Украинаро доир кард


Василий Небензя

Шӯрои амнияти СММ бо ташаббуси ИМА рӯзи душанбеи 31 январ дар мавриди вазъи Украина ҷаласа доир кард. Ахиран Русия дар наздикии марз бо Украина бештар аз 100 ҳазор сарбоз ҷамъ овардааст.

Розмарӣ Дикарло, муовини дабири кулли СММ дар умури сиёсӣ дар ҷаласа гуфт, дар ин созмони байналхалқӣ аз талошҳо барои гуфтугӯ истиқбол мекунанд ба худдорӣ аз иғво даъват менамоянд ва ба ҷустуҷӯи роҳҳои дипломатии ҳалли буҳрон идома медиҳанд.

Кишварҳои Ғарб аз хабарҳо дар бораи ҷамъшавии низомиҳо дар марзи Русия бо Украина нигаронанд. Онҳо бар ин назаранд, ки Москва метавонад, ба Украина ҳамла кунад. Русия дар навбати худ борҳо гуфтааст, ки нақшаи чунин амалиётеро надорад. ИМА ва чанде аз дигар кишварҳои узви НАТО ба Украина аслиҳаву муҳиммоти дигари ҷангӣ ирсол карданд. Бо ин ҳол, Вашингтон ва ҳампаймонони аврупоияш борҳо изҳори умедворӣ карданд, ки ташаннуҷ бо роҳҳои дипломатӣ хомӯш карда хоҳад шуд.

"Мо иттилое дар даст дорем, ки Русия нақша дорад, дар ибтидои моҳи феврал бештар аз 30 ҳазор низомиро дар Белорус, наздикии марз бо Украина ҷойгир кунад", - гуфт дар ҷаласаи рӯзи душанбе Линда Томас-Гринфилд, намояндаи доимии ИМА дар СММ.

Намояндаи доимии Русия дар СММ Василий Небензя пеш аз шуруи ҷаласаи Шӯрои амнияти СММ гуфт, ки Русия зидди ҷаласаи марбут ба вазъ атрофи Украина аст. Вай афзуд, ҷаласа дар асоси "пешфарзиҳо ва айбдорсозиҳои беасос"-е ташкил шудааст, ки Русия онҳоро батакрор рад кардааст. Намояндаи Русия пешниҳод кард, ки ташаббуси ИМА дар мавриди баргузории ҷаласаи Шӯрои амният дастгирӣ нашавад. Аммо дар натиҷаи раъйдиҳӣ 10 узви Шӯрои амният аз баргузории ҷаласа пуштибонӣ карданд.

XS
SM
MD
LG