Ссылки доступа

Дар як коргоҳ дар Қазоқистон коргаре фавтид


Дар корхонаи оҳангудозии ширкати "АрселорМиттал Темиртау" дар вилояти Қарағандаи Қазоқистон як коргар фавтид. Мурод Утегенови 47-сола сардори дастаи коргарон буд.

Дар коргоҳ марги ӯро "ҳодисаи нохуш" номиданд. Дар ҳоли ҳозир сабабҳои марги Утегенов омӯхта мешавад.

Ин дар ҳолест, ки дар ширкати "АрселорМиттал Темиртау" моҳи январ низ як коргар фавтида буд. Ҳолати пешинро низ дар ширкат "ҳодисаи нохуш" номида буданд.

Тирамоҳи соли гузашта як коргари ҷавони ширкат аз шиддати неруи барқ фавтид. Ба ин тартиб, дар моҳи майи соли 2021 ду коргари дигари ширкат фавтида буданд.

Бархе аз вакилони порлумони Қазоқистон гуфтанд, ки ширкати "АрселорМиттал Темиртау" талаботи бехатариро риоя намекунад. Сарвазири пешини Қазоқистон Аскар Мамин дар моҳи декабри соли 2021 гуфт, ки дар ширкат бештар аз 2 ҳазор ҳолати риоя нашудани талаботи бехатарӣ ошкор гардидааст.

"АрселорМиттал Темиртау" дар чанд шаҳри вилояти Қарағанда нақбҳо ва корхонаи оҳангудозии Темиртауро дар ихтиёр дорад. Молики ин ширкат сарватманд Лакшмӣ Миттал аст.

XS
SM
MD
LG