Ссылки доступа

Мухолифи қирғиз Омурбек Текебоев сафир дар Олмон таъйин шуд


Вакили пешини порлумон ва раиси Ҳизби мухолифи "Ота Макон"-и Қирғизистон Омурбек Текебоев сафири ин кишвар дар Олмон таъйин шуд.

Дар ин бора президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов фармонеро имзо кард. Сухангӯи Ҷабборов Эрбол Султонбоев ваъда дод, ки таъйиноти ахирро дертар шарҳ медиҳад.

Текебоев ба ҷои Эрлан Абдилдаев, ки моҳи июли соли 2020 ба ин мақом таъйин гашта буд, сафири Қирғизистон дар Олмон шуд. Абдилдаев солҳои 2012-2018 вазири умури хориҷии Қирғизистон буд.

Ҳизби "Ота Макон"-и Қирғизистон ба раҳбарии Текебоев яке аз аҳзоби мухолиф дар он кишвар шумурда мешавад. Ин ҳизб дар интихоботи 28 ноябри соли 2021 раъйи лозимиро барои ворид шудан ба порлумон ба даст наовард ва раҳбараш гуфт, "пирӯзии онҳоро бори дигар рабуданд".

XS
SM
MD
LG