Ссылки доступа

Парвандаи "қаллобӣ"-и Навалний ба додгоҳ рафт


Алексей Навалний
Алексей Навалний

Парвандаи мухолифи рус Алексей Навалний, ки бо гумони қаллобӣ ва таҳқири додрас боз шуда буд, ба додгоҳи ноҳияи Лефортови Москва фиристода шудааст.

Дар ин бора Хабаргузории русии "РИА Новости" бо истинод ба хадамоти матбуотии додгоҳи Лефортов иттилоъ додаааст. Вале санаи оғози баррасии он гуфта намешавад.

Миёнаҳои моҳи январи соли равон хабар дода шуд, ки парвандаҳои Навалний бо гумони қаллобӣ ва таҳқири додрас як карда шудааст.

Вакили дифои мухолифи зиндонии рус Олга Михайлова гуфт, бар асоси ин айбҳо, ба шахси зери ҳимояи вай то 10 соли зиндон таҳдид мекунад.

Алексей Навалний 25 майи соли гузашта тавассути саҳифаи Инстаграми худ иттилоъ дода буд, ки зиддаш бо гумони таҳқири додрас Вера Акимова парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Вале маълум нест, ки Навалний додрасро чӣ гуна таҳқир кардааст.

Алексей Навалний дар зиндони рақами 2-и шаҳри Покров нигаҳдорӣ мешавад. Ӯро бар асоси парвандаи «Ив Роше» аз соли 2014 ба 2,5 соли зиндон маҳкум кардаанд. Дар зиндон саломатии Навалний бад шуд ва ӯ ба нишони эътироз аз набуди хадамоти муносиби тиббӣ ва рад шудани дархости муоинаи табиби хусусӣ муддате даст ба гуруснанишинӣ зад.

XS
SM
MD
LG