Ссылки доступа

"Аз рӯзе ба инҷо омадем, ҷанҷол аст." Таъсири ҷанг дар марз ба рӯҳияи сокинони ду тараф


Таъсири ҷанг ба рӯҳияи сокинони деҳоти марзии Исфара
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:04:01 0:00

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед

Бо эълони оташбас аз шаби 28-уми январ, сокинони ду ноҳияи марзии Исфараву Ботканд мегӯянд, ки умедворанд, дигар садои тирпарониро нашунаванд. 

Бо эълони оташбас аз шаби 28-уми январ, сокинони ду ноҳияи марзии Исфараву Бодканд мегӯянд, ки умедворанд, дигар садои тирпарониро нашунаванд. Мақомоти расмии Тоҷикистону Қирғизистон ҳам борҳо тавассути расонаву шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтаанд, ки вазъ зери назорат аст ва мардум ба зиндагии одӣ бармегарданд. Вале муноқишаи ахир ба равони сокинон чӣ таъсир гузошт?

Абдуқаюм Сафаров, сокини деҳаи Сомониёни Исфара, мегӯяд, “аз рӯзе, ки ба инҷо омадем, ғурбату ҷанҷол аст. На мо хоб дорем, на бачаҳоямон. Дуруст ба мактаб рафта наметавонанд. Ҷанг шуд, боз як ҳафта ба мактаб намераванд. Ҳамин масъаларо дида бароянд ва ба назорат гиранд.”

Бо гузашти рӯзҳо, сокинони деҳаҳои марзии Исфара мегӯянд, таъсири манфии муноқишаҳо дар рӯҳу равонашон мемонад ва эҳсоси оромии кулро надоранд. Тақрибан як ҳафта аз муноқишаи мусаллаҳонаи шаби 27-уми январ дар сарҳад мегузарад, вале то ҳол комилан ба худ наомадаанд.

Сокинон мегӯянд, дар ин ҷангҳо бештар ҷону моли мардуми оддӣ зарар мебинад. Бо вуҷуди рухдоди муноқишаҳои чандинсола байни ду минтақаи ҳаммарз ва шоҳидии шумори зиёди захмиёну кушташудагон, тоҷиктаборони муқими ин маҳал ҷон дар каф гирифта зиндагонӣ мекунанд.

“Халқи осоиштаро заданд. Халқ чӣ гуноҳ дорад? Халқ дар инҷо зиндагӣ карда, гунаҳкор мешавад? Ҳама мехоҳад, ки осоишта зиндагӣ кунад. Ин одамонро дошта ё эвакуатсия карда намешавад. Аз Исфара то ин тараф 100 ҳазор аҳолӣ аст ва мо ҳамаи онро куҷо мебарем?” – мепурсад Субҳониддин Темуров, раиси маҳаллаи Гулистони деҳаи Сурхи Исфара.

Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон чанд рӯз пеш хабар дод, ки вазъ дар марзи вилояти Бодканди ин кишвар бо Тоҷикистон "ором аст". Ба иттилои ин ниҳод, маъмурони пулиси Бодканд якҷо бо ҳамтоёни тоҷики худ вазъро дар деҳаҳои наздимарзӣ назорат мекунанд.

Вале чанде аз сокинони деҳаи Сомониёни Исфара шоми 31-уми январ ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ки гуруҳе аз бошандагони деҳаи Куктоши Қирғизистон роҳи онҳоро барои як муддат баста, ба ҳавлии сокини маҳаллӣ Мақсад Ҷумъаев сангпартоӣ кардаанд.

Ба парвоз омадани дрон ё бесарнишинҳои Қирғизистон дар осмони Исфара дар шаби 31-уми январ ва он ҳам дар ҳоле ки ду рӯз пеш аз он гуфта шуд, тарафҳо ба созиш расидаанд, ки ба чунин парвозҳо роҳ надиҳанд, бовари сокинонро ба оромии дарозмуддат халалдор кардааст.

Сокинони Қирғизистон низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба сулҳи устувор дар марз изҳори шубҳа мекунанд. Онҳо мегӯянд, то масъала ба таври пурра ва ниҳоӣ ҳал нашавад, хатари низоъ мемонад.​ Шоми 27-уми январ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дубора задухӯрди мусаллаҳона миёни марзбонони ду кишвар рух дод. Муноқиша баъди он сар зад, ки мақомоти ду кишвар якдигарро ба роҳбандӣ гунаҳкор карданд. Мақомоти ду кишвар нимашаби 28-уми январ дар бораи оташбаси комил дар марз хабар доданд. Тибқи ин мувофиқа, ҳарду ҷониб "нерӯ ва техникаҳои изофиро аз марз берун мебаранд ва посбонии муштарак ташкил мекунанд". Сабаби муноқишаву даъво ва хунрезӣ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон номуайн мондани беш аз чаҳорсад километр хатти марз аст. Ду тараф дар муддати 30 сол натавонистаанд, дар ин масъала ба мувофиқа бирасанд. Ҷангу даъво ҳам асосан барои замин, роҳу об ва манобеи табиӣ сар мезанад.

XS
SM
MD
LG