Ссылки доступа

Блогер Амиран Сардоров аз набераи Ислом Каримов ҷудо шудааст


Набераҳои Ислом Каримов – Марям Тиллоева (аз чап) ва Имон Каримова дар Самарқанд

Блогери маъруфи рус Амиран Сардоров хабар додааст, ки аз ҳамсараш - набераи президенти пешини Узбекистон Марям Тиллоева ҷудо шудааст. Зиндагии ин ҷуфи ҳатто як сол ҳам идома накард.

"Бо Марям аз ҳам ҷудо шудем. Баъзан мешавад. Ту боҳуш ва пурэнержӣ ҳастӣ ва самимона таманно дорам, ки чунин бимонӣ! Бовар дорам, рӯзҳои хубтаре дар пеш аст. Ту ҳатман бахти худро меёбӣ", - навиштааст Сардоров дар шабакаи иҷтимоии Инстаграм.

Марям Тиллоева низ дар навбати худ ба шавҳари ҳамакнун собиқаш ба хотири "хонаводаи хурде, ки дар Лос-Анҷелес" ташкил шуда буд" миннатдорӣ баён кардааст.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла обуначиёни Сардоров навиштаанд, ки "блогер Марямро ҳеч вақт дуст намедошт ва бо ӯ танҳо ба хотири дарёфти грин корти Амрико издивоҷ карда буд.

Марям Тиллоева духтари Лола Каримова, духтари хурдии Ислом Каримов мебошад. Ӯ баъди издивоҷаш бо Сардоров дар моҳи апрели соли 2021 ба ситораи шабакаҳои иҷтимоӣ табдил ёфта буд.

XS
SM
MD
LG