Дар ин бора рӯзи 7 феврал Аскарбек Ҷонибеков, вазири кишоварзии Қирғизистон хабар дод.
Ба гуфтаи вазир, бештари маҳсулоти дорои аҳамияти иҷтимоӣ аз хориҷи кишвар ворид мешавад.
"45 дарсади захираи гандум, 50 дарсади шакар намерасад. Ҳамчунин мо танҳо 20 дарсади равғани зарурӣ ва 55% тухмро дар дохил истеҳсол мекунем. Аммо то соли 2024 тасмим дорем, ки худро бо шакару гандум таъмин кунем", - афзуд вазир.
Қирғизистон аз Қазоқистону Узбекистон орд ворид мекунад.
Пештар аз ин хабар дода шуд, ки ба далели хушксолӣ дар Қирғизистон ҳосили ҳама навъи маҳсулоти кишоварзӣ кам шудааст.